Имрӯз дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази тадқиқоти пиряхҳо»-и Академияи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъсири тағирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амониён хабар дод. Ин конфронси байналмилалӣ ба ифтихори эълон шудани «2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо ширкати меҳмонони дохиливу хориҷӣ (офлайн ва онлайн) баргузор мешавад. Конфронси байналмилалиро Абдулҳамид Қаюмов, директори муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон», профессор, академики МАНЕБ ифтитоҳ намуд. Вай ҳамчунин дар мавзӯи «Таъсири тағирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо» маърӯза кард. Тавре Абдулҳамид Қаюмов қайд кард, аз замони таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон зиёда аз 60 экспедицияи илмй ташкил кардааст. Хотиррасон менамоем, ки дар ин конфронс на танҳо аз кишвари мо, балки аз Фаронса ва Швейтсария низ мутахассисон ширкат доранд.