Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт.
Аснои дидор ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ намуданд.