Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Мехмет Шимшек баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиш ва табодули таҷриба байни ду мақомоти давлатӣ барои амалишавии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд.
Дар интиҳои мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Ҷумҳурии Туркия иброз намуданд.