Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба, баргузории Рӯзҳои фарҳангии ду кишвар ва самтҳои калидии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи кунунии ҳамкориҳо иброз доштанд, ки бо истифода аз фарҳангу маънавиёти муштарак муносибатҳои судманд ва рушди равобити фарҳангиро боз ҳам тақвият хоҳанд дод.