Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсокро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.