Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ҳамдардии амиқи ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон гардид, ба давлат ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз намуд.