Аълохон Бобозода, омӯзгори факултаи технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, ҷоизаи “Беҳтарин пажӯҳишгари соли 2023”-ро миёни муҳаққиқони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дарёфт кард. Дар ин бора аз шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ хабар доданд.Ин дастовардро омӯзгор пас аз пешниҳоди мақолаи илмӣ дар байни иштирокчиёни муассисаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба даст овард.Ба ин муносибат дар доираи фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ аз ҷониби раёсати донишгоҳ Аълохон Бобозодае медали «Беҳтарин корманди илмӣ-2023», дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шуд.