
Дар сартосари ҷаҳон имрузҳо озмоишҳои гуногуни илму маданият ва фарҳангу сиёсат миёни қишрҳои ҷавони ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ва хулосабарорӣ карда мешаванд. Яке аз намунаҳои он, ин миёнаи қишрҳои ҷавони қораи Машриқзамин доир гардидани олимпиадаи байналмилалии илмӣ дар самти адабиёти ҷаҳон буд, ки чанде пеш дар шаҳри Астанаи кишвари Қазоқистон доир ва натиҷагирӣ карда шуд.
Ин маротиб, ин олимпиадаи байналхалқии адабй бахшида ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни минтақаҳои мизбон ва бахшида ба 800-солагии ҳокими бузурги Машриқзамин (асри XIII) — Султон Байбарс дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки дар он ҷавонони фаъоли самтҳои гуногуни беш 60 — кишвари олам ба тариқи ҳузурӣ ширкат намуданд.
Аз ҷумла иштироки фаъоли довталабони ҷавон дар ин Олимпиадаи байналмилалии илмӣ аз мамлакатҳои Мексикаву Русия, Қирғизистону Непал, Ал_Ҷазоиру Туркманистон ва даҳҳо кишварҳои пешсаф намояндагони худро доро буд, ки ҳама паи пирӯзӣ талош мекард, то номбардори мамолики хеш бигардад. Олимпиада бо мақсади муаррифии чеҳраҳои ҷавони соҳиблаёқат дар самти илму адабиёти ҷаҳон дар байни мамлакатҳои қораи Осиё дар соли 2023, ки бо дастгирии МСНД роҳандозӣ гардида буд, дар шаҳри Астана доир ва натиҷаҳо мушаххасу эълон гардиданд.
Боиси сарфарозиву хушнудии аҳли Раёсати АИДНПҶТ мебошад, ки дар ин олимпиадаи байналхалқӣ магистранти риштаи ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Умедҷон Амонӣ ба таври ҳузурӣ ва бо дониши амиқи худ ширкати фаъолонае намуда, тавонист барандаи ГРАН_ПРИ яъне соҳиби Шоҳҷоизаи ин олимпиадаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ гардад ва медали тиллои онро ба даст орад. Мавриди зикр аст, ки Умедҷон зодаи вилояти Суғд аст ва мактаби махсуси ба номи «Дониш»_ро дар вилояти Суғд бо Шаҳодатномаи аъло хатм намудааст!
Озмоиши болозикр дар байни мамлакатҳои қораи Машриқзамин доир гардида, хушбахтона Умедҷон бо ғолибияти худ тавонист муаррифгари Тоҷикистони азиз гардад. Ёдовар мешавем, ки имсол Умедҷон Амонӣ дар якчанд силсилаозмунҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ ширкати хубе намуда, соҳиби чандин шоҳҷоизаву мукофотҳои байналмилалӣ гардид.