Шабакаи Ал-Ҷазира, аз таркишҳои шадид дар шаҳри Ҳудайдаи Яман гузориш медиҳад.
Дар ин гузориш як силсила мушакҳо ба 10 минтақаи Яман партоб шудаанд.
Пентагон дар баёнияе тасдиқ кард, ки Амрико ба 10 ҳадаф дар Яман ҳамла кардааст.
Хабаргузории расмии Сабо дар Санъо низ таъйид кард, ки Амрико, Исроил ва Бритониё ба пойтахт, шаҳри Санъо ва вилоятҳои Ҳудайда, Саъда ва Замар чандин ҳамла анҷом додаанд.
Як мақоми низомии амрикоӣ ба Ал-Ҷазира гуфтааст, ки мо бо ширкати киштиҳо, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва киштиҳои зериобӣ ба мавқеъҳои Яман ҳамла кардаем.
“Дар бастагӣ ба ин ҳамла Русия хостори баргузории ҷаласаи фаврии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар рӯзи 12 январ дар робита ба ҳамлаҳои Амрико ва Бритониё ба Яман шудааст». Дар ин бора намояндагии доимии Русия дар канали Telegram хабар дод.