12 январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитация ва демаркатсияи марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” ба нақл аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот сарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасии масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати фаъол гардонидани минбаъдаи музокироти байни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд.
Вохурӣ дар фазои дустӣ ва хамфикрӣ гузашт.