Ашрафҷон Гулов сафири Тоҷикистон дар Туркия ба вилояти Эскишеҳири ин кишвар сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.
Дар рафти сафар номбурда бо волии Эскишеҳир Ҳусейн Аксой мулоқот доир намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи дуҷонибро мавриди муҳокима қарор доданд.
Бо истифода аз фурсат, сафир оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар маълумот манзур карда, аз волӣ даъват намуд, ки бо соҳибкорони вилоят ба Тоҷикистон ташриф биёранд.