Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 тибқи вазифаҳои низомномавии худ ба ҳайси ниҳоди мутамаркази таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади мусоидат ба амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ мегарданд, фаъолият намуд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ҳамкории Марказ дар соли 2023 бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғиби мавқеи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни кишварҳо дар фаъолияти Марказ муҳим арзёбӣ мешавад. Қобили зикр аст, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Аз ҷониби Марказ дар соли 2023 ду чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдори он баргузор гардид. Аз ҷумла 8-10 марти соли 2023 бо иштироки роҳбарон ва коршиносони марказҳои тадқиқоти стратегии назди раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯсти абадӣ ва рушди муштарак» доир гардид. Ҳамчунин 22-23 майи соли 2023 таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми 18-уми Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Баргузории ин қабил форумҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар пойтахти кишвар барои муарифии бештари сиёсати ҳукумати кишвар ва иқтидори таҳлилии Марказ мусоидат хоҳад кард.