
Дар давраи ҳисоботӣ шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи лоиҳаҳои грантӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ ташрифи меҳмонон ва олиму коршиносони хориҷӣ сурат гирифт. Дар заминаи татбиқи лоиҳа грантӣ устодони Донишгоҳи Марибори Словения, Донишгоҳи исмҳои дақиқи Гамбург ва Донишгоҳи байналмилалии Токио ба ДДМИТ ташриф оварда, барои устодону донишҷӯён маъруза хонданд.
Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ҳамчунин семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда шуда , як қатор устодони донишгоҳ ба шаҳри Гамбурги Ҷумҳурии Олмон, шаҳри Москваи федератсия Россия, шаҳри Тошканд ва Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра сафар намуданд.
Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар донишгоҳ беш аз 746 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Афғонистон, Ҷумҳурии халқии Хитой, ва федератсия Россия дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғолибона таҳсил намуда истодаанд.