
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу маориф ва ғайра иброз доштанд.