
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ 2,7 миллиард долларро ташкил дод. Афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2022 113,6 млн доллар ё 4,4 фоизро ташкил дода, аз ҳисоби зиёдшавии дигар намуди сармоя ба андозаи 26,1 фоиз ташаккул ёфтааст. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Бахтовар Шарифӣ аз нишасти хабарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин давра бо мақсади муарифии имкониятҳои сармоягузории кишвар, ҷалби сармояи мустақим ва диверсификатсияи он мулоқоти маҷозии соҳибкорони Тоҷикистон бо Швейтсария ва Испания, ҷаласаи аввали Гурӯҳи корӣ оид ба ҷалби сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Беларус, Конфронси нуҳум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон ҳамоишҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Корея, Чехия, Олмон мулоқоти дуҷониба байни сохторҳои давлатию хусусии Тоҷикистон ва Русия ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Эрон баргузор карда шуданд.