Имрӯз муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар кишвар, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, CASA-1000, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, шаҳрсозӣ, сиёсати иқтисодӣ ва муҳити зист баррасӣ намуданд.