Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) маросими «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» (“Шашмақом” ва “Фалак”) ва дар ҳошияи он намоиши либосҳо ва намунаҳои ҳунари дастии мардуми тоҷик баргузор шуд.
Дар оғози маросим сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода дар суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки дар партави дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шашмақом» ва «Фалак» рӯ ба рушду нумӯ оварданд ва дар қатори намунаҳои беҳтарини мероси фарҳанги ғайримоддии мардуми тамаддунофари тоҷик дар феҳристи ЮНЕСКО сабт шуданд. Ҳамзамон, зимни муҳим хондани ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ин ҳамкориҳо рӯз ба рӯз амиқтару бештар мешаванд.
Сипас, навозандаю овозхонҳои машҳури тоҷик барои ҳозирон намунаҳое аз Шашмақом ва Фалак пешкаш намуданд, ки онро аҳли нишаст самимона истиқбол намуданд.
Дар идомаи ин маҳфил маросими ёдбуди ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фалаксарои беназир, шодравон Давлатманд Хол сурат гирифт.
Ҳамчунин китоби «Тарозуи чашм» — маҷмуаи ашъори Давлат Сафарзода, ки чанде пеш аз тариқи интишороти «Орван»-и Теҳрон ба хатти форсӣ нашр гардид, рӯнамоӣ шуд.
Меҳмонони «Шаби мусиқии суннатии Тоҷикистон» бо намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ, либосҳои миллӣ ва осори наққошони тоҷик шинос шуданд.
23 феврал дар Муҷтамаи таърихӣ-фарҳангии Ниёварон бо ибтикор ва ҳамкории муштараки Тоҷикистону Эрон “Шаби мероси фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон” ва дар ҳошияи он намоиши либосҳо, намунаҳои ҳунари дастӣ ва ғизоҳои миллии тоҷикӣ ва эронӣ баргузор гашт.
Дар ин чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода, раиси Маркази мутолиоти минтақавии посдорӣ аз мероси номалмус дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ хонум Отуса Муъминӣ, муовини аввали вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Доробӣ ва дигар шахсони расмии ду кишвар роҷеъ ба аҳаммият ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст ва бародар дар самти мероси муштараки фарҳанги ғайримоддӣ ва сабти он дар феҳристи ЮНЕСКО суханронӣ намуданд.
Сипас ҳунармандони ансамблҳои “Шашмақом” ва “Фалак”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва хонандагону навозандаҳои эронӣ дар толори бузурги Муҷтамаи фарҳангӣ-таърихии Ниёварон дар ҳузури меҳмонон аз аҳли адабу фарҳанги Теҳрон, ҳайати дипломатии муқими кишвари иқомат, намояндагони вазорату идораҳои ҶИЭ бо суруду оҳангҳои дилкаш базми дӯстӣ барпо намуданд.
Дар охири чорабинӣ ҷонибҳои Тоҷикистон ва Эрон барои меҳмонон зиёфат оростанд, ки аз оши палав ва хӯрокҳои миллии тоҷикиву эронӣ иборат буд.