
26 феврали соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ёвари дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Ивана Живковичро ба ҳузур пазируфт.
Ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва UNDP табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин Барнома дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.