Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи » Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна :замина, дурнамоии ҳамкорӣ ва самтҳои асоси ҳамгироӣ» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулфия Олимбекзода хабар медиҳад.
Хайриддин Усмонзода — директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ кори конфронсро оғоз намуда, ҳадаф аз баргузории онро иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буданд ва баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна унвон кард.
Ҳамчунин дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ, таҳлилгарони маъсалаҳои сиёсию иқтисодӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои мухталиф , аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна:вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ, ҷустуҷӯйи имкониятҳои истифоданашуда дар муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна ва роҳҳои муассири тадбиқи онҳо, вазъ ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна маърӯза намуда , дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.