
Дар шаҳри Абу-Забӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Баҳодур Шарифӣ дар Конфронси 1-уми илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дипломатияи муосир дар давраи ҷаҳонишавӣ: дурнамои нав ва оқибатҳои ҳамкории Имороти Муттаҳидаи Араб ва Осиёи Марказӣ», ки дар якҷоягӣ аз ҷониби Маркази тадқиқотӣ ва машваратии Trends (TRENDS) ва Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангӣ (IICD) ташкил шудааст иштирок кард.
Б.Шарифӣ дар мавзӯи «Нақши дипломатия дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманд ва рақобатпазир: чолишҳо ва имкониятҳо» маърӯза намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб инчунин ташаббусҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди масъалаҳои марбут ба об, иқлим, сулҳ ва амният ҷалб намуд.