Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ ва шарикӣ дар соҳаи амният, ҳамчун ҳамкории тарафҳо дар қолаби «С5+1» ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.