Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Шараф Шерализода бо Директори Клуби матбуоти Женева хонум Изабелл Фальконниер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ташкили чорабиниҳои муштаракро оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд.