
Намояндагони доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева бо Намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе мулоқот карданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.