Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини Раиси Сенати Парлумони Малайзия ҷаноби Нур Ҷазлон Муҳаммад мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва табодули сафарҳои сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷрибаи байнипарлумони ва ташкили сафарҳои мутақобила зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои маориф, илм, таърих ва фарҳанг табодули афкор намуданд.