Имрӯз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар мулоқоти сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазири мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея Ким Сеонг Ҳо иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ, мавзуи таҳкими ҳамкориҳо дар самти бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ ва инчунин ташкили барномаҳои омӯзишӣ ба мақсади тақвияти зарфияти захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд.