
Имрӯз бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафирону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар дар “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” маъракаи ниҳолшиноӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Нушофарин Олимова хабар медиҳад.
Меҳмононро Амрулло Боқиев директори “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” пешвоз гирифта, чанде дар бораи шигифтиҳои боғи мазкур ба эшон маълумот дод.
Қабл аз оғози ниҳолшинонӣ дар назди муҷассамаи Садриддин Айнӣ аз ҷониби иштирокдорону меҳмонон чанде гул гузошта шуда, сипас бо ҷамъи сафирон дар ин макони фароғатию фарҳангӣ беш аз 50 ниҳол шинонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур 6 ноябри соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди азнавсозӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.