28 апрели соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо менеҷери портфели самти тандурустии Бонки Олмонии Рушд (KfW) Бастиан Ҳайл баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда дар соҳаи тандурустӣ ва иқдомҳои минбаъда дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки соҳаи тандурустии кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, татбиқи босамари лоиҳаҳои самти тандурустӣ ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, таҳкими инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба рафти татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди соҳаи тандурустӣ иброз намуданд.



