28 апрели соли 2026 вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо вакили Конгресси Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонум Кэрол Миллер баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими муколамаи сиёсӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи дустӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси Штатҳои Муттаҳидаи Америка зоҳир гардид.



