Игор Ангеловский, мутахассиси 49-сола аз Мақдуния (Македония)-и Шимолӣ сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.
Дар ин бора чанд лаҳза пеш Федератсияи футболи кишвар иттилоъ дода, гуфт, ӯ дастаро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ, Ангеловский пештар дастаи мунтахаби Мақдунияи Шимолиро роҳбарӣ карда, ин тимро дар соли 2020 бори аввал ба мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо баровардааст.
Дар сатҳи дастаӣ ин мураббӣ ҳамроҳ бо “Работнички” дар мавсими 2013/14 қаҳрамони Мақдунияи Шимолӣ шуда, ду маротиба Ҷоми ин кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст. Ӯ, ҳамчунин, дар дастаҳои “Горитса” (Крувосӣ), “Каспий” (Қазоқистон) ва “Этникос Ахнас” (Қибрис) кор кардааст.
Бояд гуфт, дар симмати сармураббии Тоҷикистон аз тирамоҳи соли 2025 то аввали моҳи апрели имсол Горан Стеванович, мутахассиси 58-сола аз Сербистон менишаст. Вале дар даҳаи аввали моҳи ҷорӣ ӯ аз ин вазифа канор рафт. Федератсияи футбол сабаби тарки даста кардани Стевановичро анҷоми муҳлати шартномаи ӯ гуфт. Худи мураббӣ гуфт, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи тамдиди шартнома ба мувофиқа нарасидааст.
Таҳти роҳбарии ӯ даста чор бозӣ анҷом дод, ки дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бо ин натиҷа даста соли оянда ба Ҷоми Осиё — 2027 меравад.



