Шаби гузашта дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар шаҳри Кӯлоб боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи он дар шаҳри Кӯлоб 3 кас ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистарӣ карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои шахсони фавтида изҳори ҳамдардӣ карда, ба Сарвазири мамлакат, Раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур доданд, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.



