![Омодаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”](http://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2024/10/d6a7d99acd36eb741b35f298d7d34be8.jpg)
Сарвазири Чин Ли Тсян гуфтааст, ки Чин омода аст бо Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳои босифат дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ҳамкорӣ кунад. Дар ин бора ӯ зимни мулоқот бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ҳошияи нишасти 23-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ хабар додаст. Ли қайд кардааст, ки афзалиятҳои ҳамкорӣ тиҷорат, сармоягузорӣ, истихроҷи маъдан ва кишоварзӣ, инчунин соҳаҳои нав, аз қабили энергетикаи сабз ва иқтисоди рақамиро дар бар мегиранд. Расулзода, дар навбати худ, барои дастгирии Чин изҳори сипос намуда, зарурати амиқтар кардани шарикӣ дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», инчунин дар бахшҳои тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва иқтисоди рақамиро таъкид кардааст.