Имрӯз, 23 октябр Форуми V-и олимони кишварҳои узви ИДМ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҳамоиш роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотии ИДМ ширкат доранд.
Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ гуфтааст, баргузории чунин чорабиниҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсири судманд дошта, барои табодули таҷриба байни олимон ангезаи хубе хоҳад буд. Иштирокчиёни форум тамоюлҳои асосии илмҳои фундаменталӣ, ҳолат ва дурнамои онҳоро муҳокима карда, дар бораи мушкилоти аслии илму техникии муосир баҳс хоҳанд кард.