Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки бар асари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст:
“Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми дӯсти Покистон изҳор менамоем. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем”.