Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ки тибқи Қатъномаи СММ қабул шудааст, ҳамоиши баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигории радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, олимон, коршиносон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими ҶТ ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.
Сафири Фаластин зимни суханронӣ аз ҳодисаҳои офатбор дар Навори Ғазза ва куштори батакрори занону кӯдакони Фаластиниро бори дигар маҳкум карда, аз сиёсатҳои дугонаи ба ном демократии баъзан кишварҳои абарқудрат интиқоди шадид намуд. Ҳамзамон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то аз шаҳраксозиҳои ғайриқонунӣ дар Фаластин пешгирӣ намуда, барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми осоишта мусоидат намоянд. Ҳамчунин ба иҷрои қонунҳои байналмилалӣ ба монанди маҳкамаи Гаага ва маҳрум сохтани Исроил аз узвият дар СММ даъват намуд. Ҳамчунин аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеъгири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамбастагии саривақтии эшон нисбат ба давлати Фаластину мардуми он изҳори сипос намуд.
Шарифзода Фаррух Ҳомиддин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ мавқеъи Тоҷикистонро, ки борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои СММ ва дигар созмонҳо барои қатъи ҳамагуна ҷангу хунрезӣ ва аз роҳҳои дипломатӣ поён додани он даъват намудаанд, бори дигар таъкид намуд.
Сипас порае аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд, ки аз қатъи ҳамагуна хунрезиҳо дар Фаластин ва таъсиси Давлати мустақили Фаластин бо назар гирифтани марзҳои соли 1967 таъкид мегардад.
Дар идома Артур Ван Диесен роҳбари дафтари СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳамбастагии хешро ба ин муносибат баён намуда, аз куштори занону кӯдакон аз ҷониби низомиёни исроилӣ ва шаҳраксозиҳои ғайриқонунӣ нигаронӣ карда, расондани кумакҳои башарии саривақтиро амри муҳим хонд.
Дар поёни ҳамоиши чанд порча аз воқеаҳои ҳузнаангези аз навори Ғазза ва дигар шаҳрҳои Фаластин манзури иштирокдорон гардонда шуд.