
Раиси Шӯрои давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои хориҷӣ Григорий Карасин бо рӯзноманигорони хориҷӣ, иштирокчиёни барномаи Мусобиқаи байналмилалии лоиҳаҳои иттилоотӣ барои ВАО-и хориҷӣ «Честный взгляд» буданд, мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот рӯзноманигорони ҷавон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Бенин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Осетияи Ҷанубӣ иштирок карданд.
Иштирокдорони вохӯрӣ бо Григорий Карасин перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ суҳбат оростанд. Зимни муколама сенатор дар бораи равандҳои муосири геополитикӣ андешаашро баён кард ва ба саволҳое, ки барои барқарор кардани муносибатҳои шарикӣ бо кишварҳои Шарқи Наздик, Африқо, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, рушди иттиҳодияҳои БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай марбутанд, посух дод.
Муаллифи матлаб Файзуллохон Обидов низ дар ин мулоқот ширкат дошт ва ба саволи “Барои беҳтар шудани вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия иҷро гардидани кадом корҳо муҳим аст?” назари Раиси Шӯрои давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои хориҷӣ Григорий Карасинро пурсон шуд.
Карасин дар посух гуфт, чанде пеш бо ҳамкасбони қирғиз масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ кардаанд. Дар ин самт мушкил зиёд аст. Хосатан, сокинони кишварҳои ҳамсоя ва дӯсти Осиёи Марказӣ ба чунин мукшил мувоҷеҳанд.
“Дар навбати аввал мо барои ҳамдигар лозим ҳастем. Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, бахусус, аз Тоҷикистон он чизе, ки бозори меҳнати Русия барояшон имкон фароҳам меорад, масалан, кор, шароит хуби зиндагӣ таваҷҷуҳ доранд. Аҳолӣ бо майли худ ин ҷо меояд, баъдан оилаҳояшонро низ даъват мекунанд. Ин тамоюл хуб ва дар доираи манфиатҳои Русия аст. Ҳамзамон, мо аз нигоҳи таърих бо ҳам наздикем”, — афзуд сенатори рус.
Тавре ӯ гуфт, феълан вазъияти ноороме фаро расидааст. Дар баробари тӯл кашидани вазъи буҳрон дар Украина, боз дар Шарқи наздик ва дар бархе кишварҳои африқоӣ амалиёти ҷангӣ сурат гирифта истодааст. Аз ин рӯ, табиист, ки ниҳодҳои амниятӣ, Вазорати корҳои дохилии Русия мекӯшад, бо эҳтиёткорӣ садди роҳи амалиёти терористӣ, ки як мисоли он ҳамлаи фоҷиабори террористӣ дар «Крокус Сити Ҳолл» содир шуда буд, бигирад.
“Намояндагони ҷониби Тоҷикистону Русия, ки дар соҳаи муҳоҷират мутахассиси ҳирфаӣ дониста мешаванд, ба сари як миз ҷамъ шуда, масъалаҳои ҷориро дақиқ бояд омӯхта бароянд. Мисол, низоми рухсатдиҳии муҳоҷиронро омӯхтан лозим аст. Ин кор на фақат як маротиба бояд сурат гирад, балки зарур аст, ки ба ҳарду ҷониб то роҳҳали масъалаҳо қобили қабул гардидан идома бояд ёбад” – илова кард Карасин.
Ҳамзамон, сенатори рус зарур донист, ки барои фарогирии хонандагони тоҷик ба мактабҳои русӣ, равона кардани таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши забони русӣ аҳамияти бештар зоҳир гардад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Русия аз ҳисоби сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ гурӯҳи қаллобон афзудааст.
— Гурӯҳи одамони фиребгар, ки худро ба ҳайси шахси масъули корфармо, миёнрав ва ё корёб нишон медиҳанд, зиёд шудааст. Онҳо ба кисаи муҳоҷирон ва ҳам ба буҷаи давлат зарар мерасонанд. Соҳибони чунин “бизнес” дар ягон ниҳоди дахлдори Русия худро ба қайд нагирифта, фаъолияти ғайриқонунӣ пеш бурда, танҳо ба манфиати худ амал мекунанд. Барои рафъи чунин мушкилот дар миёни ҳарду ҷониб гуфтугӯи зиёде сурат гирифтааст ва идома хоҳад кард. Вазоратҳои дахлдори ҳарду кишвар дар ин самт фаъолияти муштаракро пеш бурда, барои рушди соҳаҳои гуногун ҳамкориро ба роҳ мондаанд, — иброз дошт Карасин.
Ҳамзамон, ишора шуд, ки паҳн кардани хабарҳои беасос тариқи Интернет боиси бедор шудани эҳсоси бадбинӣ ва кинаву адоват миёни халқу миллатҳои гуногун гардад. Он хеле хатарнок буда, метавонад, ки мушкилоти сиёсиро низ ба бор оварад.
Дар анҷом иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки муошират бо Раиси Шӯрои давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои хориҷӣ Григорий Карасин ҷиҳати дарки амиқтари сиёсати Русия ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ муфид буд.
Файзуллохон Обидов