Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2024 бо 48 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимиву илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Айни замон, теъдоди созишномаҳои ҳамкории донишгоҳ ба 250 адад мерасад. Дар ин бора ректори Донишгоҳи мазкур Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Давоми соли гузашта 106 мулоқоти маҷозӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар анҷом дода шуд.
Соли 2024 дар доираи ҳамкориҳо ва саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байнимуассисавӣ намояндагони донишгоҳ бо унвони ифтихории профессори фахрии 2 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳ дар 6 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла озмуни байналмилалии «Модели БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай» ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.