Имрӯз, 3 феврал дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин аҳли ҷомеаи футболӣ мулоқот доир кард.
Дар ҷаласаи васеъ рафти иҷрои дастуру супоришҳои президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ дар мулоқоти охирин бо ҷомеаи футболи кишвар дар моҳи ноябри соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Президенти ФФТ дар оғози ҷаласа баромади муваффақи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар, ки онҷо даста ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт, қайд кард. Баромади дастаи мунтахаби футзал дар Ҷоми Осиё-2024 дар Таиланд низ зикр шуд, ки тими мо ба чаҳоргонаи беҳтаринҳо ворид гардид ва бори аввал дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон-2024 ширкат кард. Илова бар ин, рӯйдоди фараҳбахш дар соли 2024 ин буд, ки Ассамблеяи генералии СММ қатъномаро бобати 25 май эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд.
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи футбол гузоришҳои раисони вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот шунида шуданд.
Раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ дар суханронии худ қайд кард, ки бисёре аз варзишгоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ то ҳол дар ҳолати ногувор қарор доранд.
Президенти ФФТ ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ислоҳи вазъ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, «Исмоили Сомонӣ Арена»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор ва инчунин дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд нурафканҳо насб карда шаванд. Инчунин дар варзишгоҳҳои Истаравшан, Фархор ва Ҷалолиддини Балхӣ мониторҳои иттилоотӣ насб гарданд. Илова бар ин, роҳрав барои дави варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бояд ҳарчӣ зудтар нав карда шавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар мавсими зимистон бошгоҳҳои вилояти Суғд барои тамрин танқисӣ мекашанд, дар робита ба ин дастур дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон майдонҳо бо чамани сунъӣ бунёд шаванд, ки дар он бошгоҳҳои хориҷӣ барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ меоянд.
Дар вохӯрӣ бо масъулони футбол вазъи кунунии варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор дар экран намоиш дода шуд. Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ ба раиси шаҳри Ваҳдат дастури мушаххас дод, то Варзишгоҳи марказии шаҳр, ки соли 2017 ба истифода дода шудааст, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ карда шавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё чамани сунъии Варзишгоҳи марказии Ҳисорро ба гибридӣ иваз кард. Дар назди раиси шаҳри Ҳисор вазифа гузошта шуд, ки дигар биноҳо дар варзишгоҳ тамрину таҷдид карда шаванд.
Рустам Эмомалӣ ба ширкати «ТАЛКО» дастур дод, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад ва ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳи КМВА воқеъ дар Душанбе рӯшноӣ ва чамани сунъӣ насб кунанд. Инчунин илова гардид, ки варзишгоҳи КМВА-и пойтахт бояд пурра азнавсозӣ карда шавад.
Ширкати «Барқи Тоҷик» муваззаф шуд, ки дар Ҳисор пойгоҳе барои бошгоҳи футболи «Барқчӣ» бунёд намояд, ки он ҷойгоҳи асосии тамрини бозигарони тими мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон аст.
«Бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд. Аз ин рӯ, дар ВМКБ барои омода кардани футболбозони наврас баҳри бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Академияи футбол сохтан лозим, инчунин дар Бадахшон байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст», – қайд кард раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру навоҳии ВМКБ Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд.
Раиси ФФТ аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват кард, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, дастгирӣ кунанд.
Илова бар ин, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бозии бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/2025 ва тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти дӯстона дар Малайзия ва Тайланд шадидан интиқод кард, масъулинро муваззаф намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ дар чемпионати Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешанд.
Дар ҷаласаи имрӯза ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар шаҳри Душанбе корҳои лозима амалӣ гарданд, ки дар он раванди барқарорсозии саломатии на танҳо футболбозон, балки варзишгарони Тоҷикистон сипарӣ шавад.
Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъолонаи мактабҳои варзишии футбол дар мусобиқаҳои лигаҳои кӯдакону наврасон ва занонаи ҷумҳурӣ, инчунин ҷалби мутахассисон ва коршиносони ин соҳа, таҳияи барномаҳои таълимӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ чораҳои дахлдор андешанд.
Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин супориш дода шуд, ки варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро барои баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ омода созанд.
Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мавзӯи футзал дахл карда, ба масъулин дастур дод, ки барои мизбонии бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон маҷмааи варзишии «Далерон»-и шаҳри Истаравшан ва маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и Гулистон омода карда шаванд. Илова бар ин, супориш дода шуд, ки дар вилояти Хатлон бошгоҳҳои футзал таъсис дода шаванд.
Раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ ба тамоми бахшҳо дастур дод, ки рӯзи 25 майро дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласаи корӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ аз тамоми чеҳраҳои футболи кишвар, масъулин ва соҳибкорон даъват ба амал овард, ки барои рушди футбол дар Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, баҳри тарбияи футболбозони асил ва дастгирии онҳо камари ҳиммат банданд.