![Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод бо 153 муассисаи хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст](http://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2025/02/475826684_9817063838307972_5971904199556265873_n-850x540.jpg)
Бо мақсади таъмини сифати баланди таҳсилот ва фаъолияти корҳои тадқиқотӣ — илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз давраи таъсис дар рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 153 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта 11 устоди хориҷӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ аз Украина, Лаҳистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишҷӯёни донишгоҳ лексияҳо хондаанд. Ҳамчунин 34 устоди донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла дар форумҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок намудаанд.
Дар доираи созишномаҳои басташуда барномаи мубодилаи донишҷӯён бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ба роҳ монда шудааст, ки теъдоди донишҷӯёни дар барномаи мубодила ширкат намуда дар маҷмӯъ ба 203 нафар мерасад.
Айни ҳол дар донишгоҳ беш аз 341 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Чин ва Федератсия Русия дар зинаҳои гуногун таҳсил доранд.