
Миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳузури Сарони ду давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Си Ҷинпинг ёдошти тафоҳум ба имзо расид. Ин рӯйдод 5 июли соли гузашта иттифоқ афтода буд.
Соли 2022 донишгоҳи мазкур мақоми байналмилалиро касб кард. Ин муассисаи олии кишвар бо Донишгоҳи давлатии Барановичи Ҷумҳурии Беларус як созишнома ва бо мактабҳои Олии Ҷумҳурии Узбекистон чор созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Донишгоҳи байналмилалии мазкур бо донишгоҳҳои хориҷии кишвар робитаҳои зичи ҳамкорӣ дорад. Рӯзи 6 январи 2025 бо Донишгохи Оксфорд шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чунин шароит фароҳам овардааст, ки донишҷуён ва омӯзгорони муассиса ба дигар донишгоҳҳои хориҷ барои таҳсил ва такмили иктисос фиристонда мешаванд.