
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи ҷаласаи мазкур муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки Сарони ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид.