Имрӯз, 24 апрел дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва татбиқи Қатъномаҳои СММ» баргузор гардид.
Дар кори конфаронс роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар робита ба терроризму экстремизм баргузор гардид.
Дар хотимаи ҳамоиш иштирокдорон хулоса ва тавсияҳои худро ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирии терроризму экстремизм дар кишвар пешниҳод намуданд.



