
Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари тағйироти глобалии муосир имрӯз дар Душанбе баррасӣ шуд.
Ҳамоиши минтақавӣ таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари тағйироти глобалии муосир: вазъ ва дурнамо» имрӯз дар Душанбе ба кори худ оғоз кард. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии минтақавии Фонди Аденауэр мебошанд.
Дар кори конфронс роҳбарон ва мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, соҳибкорону коршиносони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон иштирок карданд.
Коршиносон масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои минтақа, пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақа, баҳодиҳии раванди татбиқи санадҳо ва созишномаҳои дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ имзошуда, инчунин муборизаи муштарак бо хавфҳо ва тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.