
6-уми майи соли ҷорӣ дар Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб — «Хонаи китоб» — и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамисозӣ ва истифодабарии китобҳои «Хонаи китоби Тоҷикистон» ба анҷом расонида шуд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд. Дар маросими рӯнамоӣ ва ба истифода додани таҷҳизот Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Фурута Кейко, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Вазири фарҳанги кишвар зимни суханронии хеш қайд карданд, ки «лоиҳа барои ҳамқадам намудани соҳаи китобдорӣ ба замони муосир заминаи хеле хуб фароҳам меорад.
Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳамчун маркази библиографии давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бойгонии он захираи ягонаи маводҳои чопӣ ва электронӣ мебошад.
Радиои «Овази тоҷик»