
Дар шаҳри Екатеринбург дар ҷараёни Намоишгоҳи байналмилалии саноатии ИННОПРОМ, вохӯрии муҳими дуҷониба миёни иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Свердловск Денис Паслер ва вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир баргузор шуд.
Тавре ки нашрияи «МК-Урал» иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор доданд. Денис Паслер таъкид намуд, ки ҳамаи уҳдадориҳои қаблан ба зимма гирифташуда аз ҷониби вилояти Свердловск пурра иҷро хоҳанд шуд.
Дар мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла саҳмгузории ширкатҳои русӣ дар баланд бардоштани самаранокии системаҳои энергетикии Тоҷикистон ва таҷдиди иншооти гидротехникӣ дар вилояти Суғд баррасӣ гардид. Ҳамзамон, ташкили истеҳсоли муштарак аз сурма ва содироти маҳсулоти саноати сабук, сабзавоту мева ба Русия аз самтҳои умедбахши ҳамкорӣ арзёбӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск аз соли 2004 инҷониб Созишномаи ҳамкории тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ амал мекунад.
Сарчашма: MК-Урал / innoprom.com