Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки аз соли 2007 то семоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба беш аз 5,1 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.
Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода баргузор шуд, баён кардааст.
Аз маблағи зикршуда, 2,9 миллиард доллари он сармоягузории мустақим ва 2,2 миллиард доллар дигар намудҳои сармоя мебошад. Сармоягузориҳо асосан ба бахшҳои саноати истихроҷу коркард, омӯзиши геологӣ, алоқа, сохтмон ва насби таҷҳизот равона шудаанд. Дар кишвар зиёда аз 700 ширкат бо иштироки сармояи чинӣ фаъолият мекунад, ки нишонаи шарикии мутақобилан судманд ва боэътимод аст.