
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалинамоии ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини мунтазами «Солҳои рушди саноат» фаъолият намуд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарии Вазорати саноат ва технологияҳои нав гузориш дода шуд.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар соли 2023 ҳаҷми воридот ва содироти маҳсулоти саноатӣ бештар шуд. Дар ин давра ба маблағи 5880,1 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот ба кишвар ворид шуданд, ки ин нисбат ба соли 2022 712,7 миллион зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин сол ба маблағи 2448,8 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шуданд, ки ин нисбат ба соли 2022 306,8 миллион зиёд мебошад.
Дар идомаи нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, Амрико, Аврупо ва Чин тамоюли афзоиш дошта, бори нахуст ба Ҷумҳурии мардумии Чин содироти нӯшокиҳои ғайрисипиртӣ, оби маъданӣ, шарбати меваю сабзаҷот, аз ҷумла барои кӯдакон аз ҷониби ширкати «Оби Зулол» ба роҳ монда шудааст.