Дар нимсолаи аввали соли 2025 Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидааст. Агентӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — «khizmat.ehukumat» — ро бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ ҷорӣ кардааст ва то имрӯз дар 100 мақомоти давлатӣ насб гардида, аз ин теъдод 60 ниҳод фаъолияти худро тибқи талаботи низоми мазкур пурра ба роҳ мондаанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Агентӣ 6 санади ҳамкориро бо кишварҳои Чин, Русия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Қазоқистон ва Муғулистон ба имзо расонидааст. Бо мақсади рушди соҳаи технологияҳои рақамӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ 7 апрел соли ҷорӣ нахустин IT — Park дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин 26 ширкатҳои ватанӣ аъзогии IT Park — ро гирифта то охири сол тибқи нақша ба 100 адад расонида мешавад. Хуршед Файзуллозода раиси агентӣ таъкид кард, ки мушкилии асосии соҳа норасоии мутахассисони ботаҷриба буда, агентӣ дар ин самт нақша дорад, ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ ба роҳ монад. Аз ҷумла дар ин самт бо филиали Донишгоҳи менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ва дигар шарикони рушд ҳамкорӣ карда истодааст.
Шарифиён Абдурофеъ,
«Овози тоҷик»



