Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи гузашта барои бозорёбӣ ва таъмини аҳолӣ бо кор дар маҷмуъ бо 13 давлат санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора Шоира Ниёзӣ хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз рафти нишасти матбуотии вазорати мазкур хабар медиҳад.
Илова бар ин вазорат бо ҳадафи гуногунсамтии муҳоҷират лоиҳаи созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Бритянияи Кабир, Амрико, Корея, Канада, Лаҳистон, Латвия, Олмон, Сингапур ва Япония оид ба танзими меҳнат таҳия намуда ба унвониии ниҳодҳои дахлдори кишварҳои болозикр ирсол карда шудааст ,ки дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дипломатии кишвар мавриди пайгирӣ қарор доранд .
Дар нишасти мазкур щамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76175 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 57739 нафар онҳо хамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда,ба 31 921 нафар расман мақоми бекор дода шуд.Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ва шуғли аҳолӣ дар мачмуъ 38726 нафар шаҳрванд бо ҷойҳои корӣ таьмин гардидаанд