Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар маҷмӯъ бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 10 млрд. 653, 3 млн. КВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 341,2 млн. КВт соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 103,3% таъмин карда шудааст, — зикр намуд, Абдулло Қурбонзода муовини якуми ҶСК «Барқи тоҷик» зимни нишасти матбуотӣ. Номбурда афзуд, ки дар ҳамин давра ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 85,3 млн КВт. соат кам гардида, дар маҷмӯъ ба 971,2 млн. КВт. соат баробар шуд. Нерӯи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 682,0 млн. кВт. соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 288,9 млн. КВт. соат содирот карда шуд.
Бо мақсади омодагии зимистони соли 2023-2024 воридоти ангишт аз аввали сол 372 ҳазор тоннаро ташкил дода, захираи умумии ангишт 567,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дилноза Сатториён