
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Татяна Молчан дар доираи иштирокаш дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест -2025», ки аз 14 то 16 октябр дар Душанбе баргузор гардид, Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Зимни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури мамлакат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуданд.
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Татяна Молчан аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносоии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.